Таъкиди Кореяи Ҷанубӣ бар густариши равобит бо Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико
(last modified Sat, 10 Nov 2018 08:25:40 GMT )
Ноябр 10, 2018 13:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Кореяи Ҷанубӣ бар густариши равобит бо Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико

Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон аз ҳифз ва густариши равобити кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико хабар дод.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Ю Ҷонг Ҳён, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон изҳор дошт, пас аз муофияти Кореяи Ҷанубӣ аз манъи хариди нафт ва миъонот (конденсат)-и газии Эрон, фазои хубе барои ҳифз ва густариши равобити ду кишвар эҷод шудааст.

Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Эрон афзуд, воридоти миъоноти газӣ аз Эрон барои ширкатҳои петрошимии кореяӣ аҳамияти зиёде дорад, зимни ин ки бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти роҳбурдии Эрон дар минтақа, зарфтҳои зиёде барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба вуҷуд дорад, ки бояд дар ҷиҳати манофеи ду кишвар истифода шавад.

Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон бо баёни ин ки фазои сиёсии байналмилалӣ ҳеҷ гоҳ собит намемонад ва тағйир пайдо мекунад, изҳор дошт, Эрон кишваре муҳим дар минтақа аст, ки саноати мухталифе, аз ҷумла санъати мошинсозӣ ва кишоварзии пешрафта ва системаи иқтисодии қавӣ ва пойдоре дорад.