Ноябр 10, 2018 15:39 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди заъфарон бидуни хоку об тавассути корофарини эронӣ

Дабири корофарини дабиристони тезҳушони шаҳри Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон ба номи Муҳаммади Хазоӣ муваффақ ба тавлиди заъфароне шудааст, ки ниёз ба хоку об надорад ва ба равиши ҳавокишт ё аэропоник парвариш ёфтааст.

Ба гузориши “Спутник”, вай дар пилоти манзили маскунии худ муваффақ ба ин тавлидт боарзиши заъфарон шудааст.

Бисёре аз корбарон бо таҳсини ин корофарин муътақиданд, ки ӯ аз идеяи хубе истифода кардааст, ки дар шароити камобии феълӣ бисёр муҳим аст.

Корбарон низ унвон карданд, ки ин кор дар шаҳри Бурозҷони устони Бушеҳр низ анҷом шудааст.

Бисёре аз корбарон барои ӯ орзӯи муваффақият карда ва гуфтаанд, ки умедворанд, ки давлат аз ӯ ҳимоят кунад.