Зариф: Бо дипломатияи илмӣ метавон эътимодсозӣ кард
(last modified Sun, 11 Nov 2018 13:30:03 GMT )
Ноябр 11, 2018 18:30 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Бо дипломатияи илмӣ метавон эътимодсозӣ кард

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, бо баҳрагирӣ аз дипломатияи илмӣ дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ метавон иқдом ба ҳамкории муштарак ва эътимодсозӣ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи якшанбе дар нишасти «Дипломатияи илмӣ барои оянда» дар Фарҳангистони улум дар Теҳрон ба таҳаввули мафоҳими муртабит ба дипломатия, бавижа мафҳуми ҳокимият, афзудан ва танаввӯи бозигарон дар равобити байналмилал ишора ва таъкид кард, дипломатияи илмӣ фаротар аз фаъолият дар ҳавзаи зеҳнӣ аст. Вазири умури хориҷӣ афзуд, дар мабоҳиси мухталифи илмӣ, аз ҷумла олудагии муҳити зист ва эминии нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ниёз ба ҳамкории муштарак ва эътимодсозӣ аст. Вазири умури хориҷӣ ҳамчунин бо ишора ба бархурдории Эрон аз зарфиятҳои болои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ гуфт, ин зарфиятҳо метавонанд манбаи қудрати кишвар дар иртибот бо соири кишварҳо ва миллатҳо бошанд ва аз тариқи ин таомулот метавон аз адабиёти ғании Эрон баҳра бурд.

Дар поёни нишасти «Дипломатияи илмӣ барои оянда» Нишони Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯйи Ризо Доварии Ардаконӣ, раиси фарҳангистон ба вазири умури хориҷӣ эъто шуд.