Муҷодалаи твиттерии вазирони хориҷии Амрико ва Эрон (тасовир)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39424-Муҷодалаи_твиттерии_вазирони_хориҷии_Амрико_ва_Эрон_(тасовир)
Вазирони умури хориҷии Эрон ва Амрико дар чанд паём дар “Твиттер” дар бораи осори таҳримҳои Амрико бар зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандони Эрон муҷодала карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 13, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Муҷодалаи твиттерии вазирони хориҷии Амрико ва Эрон (тасовир)

Вазирони умури хориҷии Эрон ва Амрико дар чанд паём дар “Твиттер” дар бораи осори таҳримҳои Амрико бар зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандони Эрон муҷодала карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, моҷаро аз твите оғоз шуд, ки Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи шанбе дар бораи изҳороти Майк Помпео дар мусоҳиба бо ВВС мунташир кард. Помпео дар мусоҳиба бо ВВС гуфта буд, ин (ҳукумат)-и Эрон аст, ки бояд тасмим бигирад, ки мехоҳад мардумаш ғизо бихӯранд ё на. Зариф дар вокуниш ба ин суханони таҳдидомези вазири умури хориҷии Амрико дар ҳисоби худ дар “Твиттер” навишт: «Фаромӯш нахоҳем кард, вазир Помпео дар идомаи талоши бенатиҷа ва маъюсона барои таҳмили хостаҳои Амрико ба Эрон ошкоро таҳдид кардааст, ки эрониҳоро гуруснагӣ медиҳад. Ӯ низ монанди пешиниёнаш ёд хоҳад гирифт, ки Эрон алорағми талошҳои Амрико на танҳо давом хоҳад овард, балки бидуни фидо кардан ҳокимияташ аҳдофашро пеш хоҳад бурд».

Image Caption

 

 

 

Майк Помео рӯзи душанбе муддаӣ шуд, ки “Нюзвик” матни суханони ӯро таҳриф карда, Амрико колоҳои инсонӣ, монанди ғизо ва доруро аз шумули таҳримҳо маоф кардааст. Вай навишт: «Шарм ба “Нюзвик”-и ҷаълӣ бобати кумак ба Ҷаводи Зариф барои дурӯғпароканӣ. Ҳақиқат ин аст: Амрико ғизо ва доруро таҳрим намекунад ва ҳеҷ гоҳ таҳрим накардааст. Инҳо аз таҳримҳо маоф ҳастанд, ҳамон тавр ки мубодилоти молии марбут ба ниёзҳои инсонӣ чунин аст».

Image Caption

 

 

Интишори ин твит боис шуд, Зариф дар ду паёми твиттерӣ бори дигар суханони Помпеоро ин бор ба нақл аз пойгоҳи иттилоърсонии Вазорати хориҷии Амрико ба ӯ ёдовар шавад. Зариф ҳамчунин ба Помпео ёдовар шуд, ки ё бояд масъулияти суханонашро бипазирд, ё аз зери бори он чӣ Амрико анҷом медиҳад, шона холӣ кунад.

Image Caption

 

Ӯ дар як твити дигар таъкид кард, ки таҳримҳои Амрико нақзи қатъномаи шумораи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба шумор мераванд ва суханони Помео дар бора гуруснагӣ додан ба мардуми Эрон мисдоқи ҷурм алайҳи башарият аст.

Image Caption

 

Зариф ҳамчунин навишт, ки матолиби расонаҳои ғарбӣ ва номаҳои пайвастшуда дар ин матолиб нишон медиҳад, дурӯғгӯ чӣ касе аст.