Муҷодалаи твиттерии вазирони хориҷии Амрико ва Эрон (тасовир)
Вазирони умури хориҷии Эрон ва Амрико дар чанд паём дар “Твиттер” дар бораи осори таҳримҳои Амрико бар зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандони Эрон муҷодала карданд.
Майк Помео рӯзи душанбе муддаӣ шуд, ки “Нюзвик” матни суханони ӯро таҳриф карда, Амрико колоҳои инсонӣ, монанди ғизо ва доруро аз шумули таҳримҳо маоф кардааст. Вай навишт: «Шарм ба “Нюзвик”-и ҷаълӣ бобати кумак ба Ҷаводи Зариф барои дурӯғпароканӣ. Ҳақиқат ин аст: Амрико ғизо ва доруро таҳрим намекунад ва ҳеҷ гоҳ таҳрим накардааст. Инҳо аз таҳримҳо маоф ҳастанд, ҳамон тавр ки мубодилоти молии марбут ба ниёзҳои инсонӣ чунин аст».
Интишори ин твит боис шуд, Зариф дар ду паёми твиттерӣ бори дигар суханони Помпеоро ин бор ба нақл аз пойгоҳи иттилоърсонии Вазорати хориҷии Амрико ба ӯ ёдовар шавад. Зариф ҳамчунин ба Помпео ёдовар шуд, ки ё бояд масъулияти суханонашро бипазирд, ё аз зери бори он чӣ Амрико анҷом медиҳад, шона холӣ кунад.
Ӯ дар як твити дигар таъкид кард, ки таҳримҳои Амрико нақзи қатъномаи шумораи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба шумор мераванд ва суханони Помео дар бора гуруснагӣ додан ба мардуми Эрон мисдоқи ҷурм алайҳи башарият аст.
Зариф ҳамчунин навишт, ки матолиби расонаҳои ғарбӣ ва номаҳои пайвастшуда дар ин матолиб нишон медиҳад, дурӯғгӯ чӣ касе аст.