Ҷон Болтон бемории “эронозорӣ” дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39447-Ҷон_Болтон_бемории_эронозорӣ_дорад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти зиддиэронии Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Амрико гуфт: Болтон рафтори нобаҳинҷор дорад ва аз бемории “эронозори”-и деринае ранҷ мебарад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 14, 2018 10:28 Asia/Dushanbe
  • Ҷон Болтон бемории “эронозорӣ” дорад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти зиддиэронии Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Амрико гуфт: Болтон рафтори нобаҳинҷор дорад ва аз бемории “эронозори”-и деринае ранҷ мебарад.

Ба гузориши ИСНА, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Амрико ба тозагӣ дар изҳороти душманона гуфтааст, Амрико Эронро он қадр таҳти фишор қарор хоҳад дод то Эрон осеб бубинад.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, суханони бехирадонаи Ҷон Болтон, ки нишонгари моҳияти ситезаҷӯ ва шахсияти кинатӯзи ӯ дар қиболи мардуми Эрон аст, сухане тоза ва қобили таваҷҷуҳ нест.

Қосимӣ бо баёни ин ки усулан ин гуна сухан гуфтан дар қомуси ҳеҷ сиёсатмадори ҳирфаӣ ва тарбиятёфтае пайдо намешавад, афзуд: Баёни ин гуна калимоти сахифу паст тавассути Болтон, ки аз гузашта бо бархе гурӯҳҳои террористӣ дар иртибот аст ва аз онон музд дарёфт мекунад, тааҷҷубовар нест.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷон Болтон, ки бо лаззати тамом ва албатта бисёр ғайримаъмулӣ ва шармовар аз эҷоди фишори ҳар чӣ бештар, таҳрим ва таҳдиди Эрон сухан мегӯяд, аз эрониён дарк ва фаҳми дурусте надорад.

Қосимӣ гуфт, миллати Эрон имрӯз низ бо сабри роҳбурдӣ ва ҳушмандии ҳамешагӣ дар баробари душманон истодагӣ хоҳад кард ва қатъан иҷозаи таъбири хобҳои ошуфтаи ин афродро нахоҳад дод.