Рӯҳонӣ: Таҳримҳо асаре бар фурӯши нефти Эрон надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39456-Рӯҳонӣ_Таҳримҳо_асаре_бар_фурӯши_нефти_Эрон_надорад
Раисиҷумҳури Эрон гуфт, таҳримҳои ғалат ва золимонаи Амрико бар фурӯши нефти Эрон таъсире надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 14, 2018 15:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таҳримҳо асаре бар фурӯши нефти Эрон надорад

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, таҳримҳои ғалат ва золимонаи Амрико бар фурӯши нефти Эрон таъсире надорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи ҳайати давлати Эрон, гуфт, амрикоиҳо фикр мекарданд содироти нефти Эронро ба таври комил қатъ мекунанд, аммо худашон дар рӯзҳои охир фаҳмиданд, ки ин кор имконпазир нест.

Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба ин ки қатъи содироти нефти Эрон ба хотири масоили дохилии Амрико ва қиммати нефт имконпазир нест, таъкид кард, давлати Эрон, масирҳои зиёде барои фурӯши нефт дорад, ки таҳрим бар онҳо беасар аст.

Рӯҳонӣ гуфт, бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо ва таҳримҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити молии худро бо дунё ҳифз кард.

Раисиҷумҳури Эрон афзуд, мардуми Эрон дар баробари тавтеаҳои Амрико меистанд ва онҳоро шикаст медиҳанд ва ҳамаи ҷаҳониён фаҳмидаанд, ки амрикоиҳо якбори дигар иддаои ғалате доштанд, таблиғоти ғалате ба роҳ андохтанд ва аҳдоферо думбол мекарданд, ки ҳеҷ вақт ба он нахоҳанд расид.