Ноябр 15, 2018 18:45 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати Имом Ҳасани Аскариӣ (а) таслият бод

Рӯзи ҷумъа 16 ноябр баробар бо ҳаштуми рабеъ-ул аввали 1440 мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) аст.

Ҳазору 179 сол пеш дар ҳаштуми рабеъ-ул аввали соли 260 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз наберагони гиромии Расули акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Сомиро дар Ироқи имрӯзӣ ба шаҳодат расид.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар соли 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина мутаваллид шуд.

Падар гиромишон ҳазрати имом Ҳодӣ (а) аз наводагони Паёмбари Ислом (с), ороста ба беҳтарин камолот ва фазоили инсонӣ буд ва модари он бузургавор, зане донишманд ва бо фазилат ва хайрхоҳ буд.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) пас аз шаҳодати падар, раҳбарии динии мусулмононро ба ӯҳда гирифт.

Ин имом бузургавор дар мактаби илму дониши худ андешамандони бо фазилатеро тарбият кард, ки ҳар кадом бо ба ҷой гузордани осори мактуб дар заминаҳои гуногуни улуми исломӣ, гомҳои муассиреро барои эътилои  маорифи исломӣ бардоштанд.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз шашсоли даврони имомати худ, се солро дар зиндони халафои Аббосӣ гузаронд ва саранҷом дар 28 солагӣ дар давраи хилофати Мӯътамиди Аббосӣ ба шаҳодат расид.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба дӯстдорони аҳли байти Паёмбари гиромии Ислом (с) таслият мегӯяд.