Ноябр 15, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Аврупо ба тааҳҳудоти иқтисодии худ амал кунад

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Теҳрон ба тааҳҳудоташ дар чорчӯби БАРҶОМ амал карда ва мутақобилан аз Иттиҳоди Аврупо интизор дорад дар канори амал ба тааҳҳудоти сиёсӣ, ба тааҳҳудоти иқтисодии худ низ бар асоси БАРҶОМ амал кунад.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти механизми сиёсии машваратии муовинини вазирони хориҷаи Эрон ва Италия дар Рим бо ишора ба ин, ки Амрико бо хурӯҷ аз БАРҶОМ, амалан қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нақз кардааст, изҳор дошт, Амрико фақат ба хурӯҷ аз БАРҶОМ иктифо накарда ва дигар кишварҳои ҷаҳонро низ ба нақзи қатъномаи 2231 ташвиқ мекунад.

Муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, БАРҶОМ як мувофиқатномаи амниятӣ ва адами густариша аст ва хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, амнияти Аврупо, минтақа ва низоми байналмилалиро бо чолиш мувоҷеҳ кардааст.

Ироқчӣ қарор аст, дар сафари як рӯзаи худ ба Италия бо шуморе аз мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

 

Барчасп