Ноябр 15, 2018 20:17 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Ҷанги равонии таҳрими Амрико ба натиҷа нахоҳад расид

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилал гуфт, бетардид ҷанги равонии Амрико дар эъмоли таҳримҳо зидди Эрон, ба натиҷа нахоҳад расид.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилал дар дидори Рустам Яҳё, сафири Малайзия дар Теҳрон бо ишора ба эъмоли таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон афзуд, тарсе, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз таҳримҳо назди бархе кишварҳо эҷод мекунад, бузургтар аз воқеияти таҳрим аст.

Амир Абдуллоҳиён бар равобити мусбат ва деринаи Эрон ва Малайзия низ таъкид кард.

Вай ҳамчунин бо ишора ба вазъияти мусулмонони Рӯҳингиё гуфт, кишварҳои исломӣ набояд аз вазъияти асафбори ақаллияти мусулмони Миёнмор ғафлат кунанд.

Абдуллоҳиён бо ишора ба тадовуми буҳрон дар Баҳрайн, Яман ва Миёнмор ибрози умедворӣ кард, нухбагони кишварҳои исломӣ битавонанд барои таҳаққуқи сулҳ қадам бардоранд.

Рустам Яҳё, сафири Малайзия дар Теҳрон низ дар ин дидор гуфт, ду кишвар аз равобити мустаҳкам ва пойдоре бархӯрдоранд ва равобити сиёсии Теҳрон ва Куала-Лумпур дар сатҳи болое қарор дорад.

Сафири Малайзия дар Теҳрон, дар идома масъалаи Рӯҳингиёро аз масоили бисёр ҷиддӣ донист ва афзуд, беҳтарин рӯйкард ин аст, ки ба сурати амалгароёна ба мавзӯи Миёнмор пардохта шавад.

Рустам Яҳё изҳори умедворӣ кард, то бо тақвият ва тавсеаи таомулот ва табодулоти парлумонӣ ва сиёсӣ бо кумаки Эрон, битавон ба роҳи ҳалҳои муносибе барои кумак ба буҳронҳои мавҷуд даст ёфт.

Сафири Малайзия дар Теҳрон омодагии кишварашро барои тавсеаи бештари равобити парлумонӣ бо Эрон эълом кард.

 

Барчасп