Ноябр 16, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • Супурдани панҷ марзбони озодшудаи эронӣ аз тарафи Покистон ба Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, панҷ марзбони озодшудаи эронӣ аз дасти террористҳо ба Эрон таҳвил дода шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Файсал шомгоҳи панҷшанбе бо интишори матне дар Твиттер эълом кард, бо кумаки неруҳои амниятӣ ва низомии Покистон панҷ марзбони эронии гаравгони гурӯҳаки террористӣ, ки худро Ҷайшуладл мехонанд, озод шуданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон афзуд, ин марзбонони озодшуда саломат ҳастанд ва ба неруҳои эронӣ супурда шудаанд.

Муҳаммад Файсал хотирнишон кард, талошҳои дуҷонибаи байни Эрон ва Покистон ва ҳамоҳангӣ барои озодии дигар марзбонони эронӣ низ дар ҷараён аст.

Сардор сарлашкар Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи панҷшанбе гуфта буд, панҷ нафар аз марзбонони Мирҷова озод шуданд ва талошҳо барои озодии дигар гаравгонҳо идома дорад.

15 октябри гузашта 12 марзбони эронӣ, ки дар нуқтаи сифри марзӣ дар минтақаи Мирҷова дар ҷанубу шарқи Эрон мустақар буданд, ба дасти гурӯҳкҳои террористӣ ва зидди инқилоб рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд.

 

Барчасп