Ноябр 17, 2018 13:04 Asia/Dushanbe
  • Вуруди раисҷумҳурии Ироқ ба Теҳрон

Барҳам Солеҳ, раисҷумҳурии Ироқ дар садри ҳайати олирутба вориди Теҳрон шуд.

Барҳам Солеҳ, раисҷумҳурии Ироқ дар ин сафари дурӯза илова бар дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии Эрон, бо теъдоде аз мақомот низ дидор ва дар бораи густариши равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар ин сафар чанд санади ҳамкорӣ миёни мақомоти Эрон ва Ироқ дар ҳузури раисони ҷумҳури ду кишвар имзо хоҳад шуд ва дар поён Ҳасани Рӯҳонӣ ва Барҳам Солеҳ ба суолоти хабарнигорон посух хоҳанд дод.

 

Барчасп