Ноябр 17, 2018 13:36 Asia/Dushanbe
  • Раҳими Сокӣ: 75 дарсади тарёки кулли ҷаҳон дар Эрон кашф мешавад

Мудири кулли дафтари равобити байналмилали ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон гуфт, Эрон ба танҳоӣ беш аз 75 дарсади кашфиёти тарёк ва наздик ба 30 дарсади кашфиёти ҷаҳонии героин ва марафинро ба худ ихтисос додааст.

Раҳими Сокӣ, мудири кулли дафтари равобити байналмилали ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, Эрон дар ҳавзаи муқобила ва коҳиши тақозо, дармон ва рӯйкарди иҷтимоии эътиёди пешрав, аммо танҳо аст ва кишварҳои ғарбӣ тамоюли чандоне ба ҳамкорӣ надоранд ва рӯйкарди қонунисозӣ ва ҷурмзудоӣ аз маводи мухаддирро пеш гирифтаанд.

Сокӣ бо таъкид бар тақвияти дипломатияи минтақаӣ ва байналмилалии мубориза бо маводи мухаддири Эрон гуфт: “Кишварҳои ғарбӣ як даҳуми иқдомоти полиси Эронро низ анҷом надодаанд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи мубориза бо маводи мухаддир як кишвар пешрав аст, аммо мутаассифона, дастовардҳои арзишманди ҷаҳонии полиси Эрон ба хубӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ нашудааст”.

Мудири кулли дафтари равобити байналмилали ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон ҳамчунин дар бораи мушорикати мардум ва созмонҳои мардумниҳод дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир гуфт, мубориза бо мавод мухаддир бояд иҷтимоӣ шавад ва рӯйкарди иҷтимоӣ ба ин маъно аст, ки ҳар як мардум нисбат ба инҳирофи иҷтимоӣ, ҳассосияти бамавқеъ ва бо вокуниши тахассусӣ, қонунӣ ва мудовим дошта бошанд.

 

Барчасп