Истиқболи расмии Рӯҳонӣ аз ҳамтои ироқии худ
(last modified Sat, 17 Nov 2018 10:52:35 GMT )
Ноябр 17, 2018 15:52 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии Рӯҳонӣ аз ҳамтои ироқии худ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври расмӣ аз раисҷумҳури Ироқ дар маҷмӯаи фарҳангӣ - таърихии Саъдобод дар Теҳрон истиқбол кард.

Барҳам Солеҳ дар садри ҳайати олирутба соате пеш вориди Теҳрон шуд. Раисҷумҳури Ироқ дар ин сафари дурӯза илова бар дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раис ҷумҳур, бо ҷамъе аз мақомоти Эрон низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Пас аз маросими истиқболи расмӣ, музокироти дуҷониба миёни русои ҷумҳурии Эрон ва Ироқ оғоз мешавад ва пас аз он ҳайатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар музокироти худро анҷом медиҳанд.

Густариш ва таъмиқи беш аз пеши муносиботи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин иртиқои сатҳи ҳамкориҳои муштарак дар заминаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ миёни Теҳрон ва Бағдод, аз ҷумлаи аҳдофи сафари расмии раисҷумҳури Ироқ аз Эрон аст.

Ин чаҳорумин сафари минтақаии раисҷумҳури Ироқ аз замони тасаддии ин масъулият ва нахустин сафари вай ба Теҳрон аст.