Ноябр 18, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Ироқ: Бо ҷидият дар тақвияти равобит бо Эрон мекӯшем

Раиси ҷумҳурии Ироқ таъкид кард: Кишвараш бо ҷидият барои тақвияти равобит ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон талош мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳурии Ироқ имрӯз якшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: равобити таърихӣ ва решадори иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Эрон ва Ироқро ба ҳам пайванд медиҳад.

Раиси ҷумҳурии Ироқ афзуд: Ироқ бо равобити вижае, ки бо кишварҳои исломии ҳамсоя ва арабии худ дорад, меҳвари асосӣ дар ташкили созмони минтақаии мубтанӣ бар эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва ҳамафзоии иқтисодӣ хоҳад буд, созмоне, ки ба даргириҳои беҳуда дар минтақа, поён диҳад.

Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳурии Ироқ дар ҷараёни сафари минтақаии худ рӯзи шанбе ба Теҳрон сафар кард ва бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, раиси ҷумҳурӣ, дабири шӯрои олии амнияти миллӣ, раиси маҷлис ва вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва дар хусуси масоили мухталиф гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Раиси ҷумҳурии Ироқ пеш аз сафар ба Теҳрон ба кишварҳои Иморот, Кувейт ва Урдун сафар карда буд.

 

Барчасп