Рӯҳонӣ: Дар баробари Амрико сар фуруд нахоҳем оварад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрони мустақил ва озод мемонад, дар баробари Амрико сар фуруд нахоҳад оварад.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар ҷамъи мардуми устони Озарбойҷони ғарбии Эрон дар шаҳристони Хӯй гуфт, душманон бо фишор овардан бар иқтисоду эҷоди мушкил барои мардум, қодир ба боздоштани мардуми Эрон аз ҳадафҳои баландашон нестанд ва мардуми Эрон 40-умин солгарди инқилоби исломиро бо қудрат ва нишот ба рухи ҷаҳонтён хоҳанд кашид.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки имрӯз тамоми кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон бо иқдомҳои золимонаи Амрико мухолиф ҳастанд, гуфт, Амрико қодир нест робитаи миллати Эронро бо миллатҳои бародари минтақа заъиф кунад, зеро ҳамаи мусулмон дар канори ҳам ҳастем.
Рӯҳонӣ афзуд, дар канори миллати Эрон, миллатҳои Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон, Покистон ва саросари ҷаҳони Ислом ба фикри истодагӣ, имон, Ислом ва истиқлоли худ ҳастанд ва бо истодагии ҳамаи миллатҳои минтақа, шикасти мустакбирон муҳаққақ хоҳад шуд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ин ки душманон аз талошҳои Эрон барои мусаллат нашудани террористҳо бар минтақа асабонӣ ҳастанд, гуфт, мусулмонон ҳар замоне аз Эрон ёрӣ бихоҳанд, Ҷумҳурии исломӣ ба вазифаи худ амал мекунад ва онҳоро монанди замони мубориза бо тероризм ёрӣ хоҳад кард.