Ройзани иқтисодии Афғонистон: Кишваре мутмаинтар аз Эрон барои ҳамкории иқтисодӣ вуҷуд надорад
(last modified Tue, 20 Nov 2018 10:35:32 GMT )
Ноябр 20, 2018 15:35 Asia/Dushanbe
  • Ройзани иқтисодии Афғонистон: Кишваре мутмаинтар аз Эрон барои ҳамкории иқтисодӣ вуҷуд надорад

Ройзани иқтисодии сафорати Афғонистон дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон кишваре амн ва мутмаин барои сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ аст.

Ҷобири Ансор ройзани иқтисодии сафорати Афғонистон дар Теҳрон рӯзи душанбе дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Эрон ва Афғонистон, ки бо меҳварияти содироти ғайринафтӣ дар намоишгоҳи дастовардҳои тавлидӣ ва саноатии устони Албурз, дар Караҷ, ғарби Теҳрон, баргузор шуд, афзуд: Ҳазинаҳои сармоягузорӣ дар Эрон ба нисбати соири кишварҳои ҷаҳон арзон аст.

Ройзани иқтисодии Афғонистон дар Эрон бо баён инки мушаввиқҳои сармоягузории Эрон барои ҷазби сармоягузорони афғонистонӣ бояд бештар шавад, афзуд: Бозори Афғонистон қобилияти пазириши колоҳои Эронро дорад.

Ҷобири Ансор гуфт: Колоҳои эронӣ бештар дар ғарб ва ҷанубу ғарби Афғонистон арза мешавад, ин дар ҳоле аст, ки дар бозорҳои шарқ, ҷанубу шарқ, марказ ва шимоли ин кишвар низ барои колоҳои эронӣ бозори хубе аст.

Бузургтарин намоишгоҳи тавонмандиҳои тавлидӣ ва содиротӣ ва фурсатҳои сармоягузории устони Албурз аз17 то 20 ноябр доир аст.

Дар ин намоишгоҳ беш аз 100 воҳиди тавлидӣ ва содиротӣ, тавлидоти худро дар диди умум қарор додаанд.

Ироқ, Афғонистон, Сурия, Лубнон, Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки дар намоишгоҳи тавонмандиҳои тавлидӣ ва содироти воҳидҳои хурд ва миёнаи устони Албурз ҳузур ёфтаанд.