Ноябр 20, 2018 15:56 Asia/Dushanbe
  • Эронҳаросӣ - сиёсати намояндаи Амрико дар Созмон милал

Намояндагии Эрон дар Созмони милали муттаҳид дар баёнияе иттиҳомоти рӯзи душанбеи намояндаи пешини Амрико зидди Эронро бар асоси иттилооти сохтагӣ донист ва таъкид кард, ӯ ба эронҳаросӣ эътиёд дорад.

Ба гузориши ИРНА, дар ин баёния, ки шомгоҳи душанбе содир шуд, омадааст: Бори дигар намояндаи Амрико бо истифода аз иттилооти сохтагӣ, аз нишасти марбут ба Ховари Миёнаи Шӯрои амният барои эроди иттиҳомоти беасос зидди Эрон сӯиистифода кард.

Ин баёния меафзояд: Намояндаи Амрико бо тавассул ба иттилооти ҷаълӣ ва гумроҳкунандаи дарёфтӣ аз гурӯҳаки террористии Мунофиқин, Эронро ба анҷоми иқдомоти террористӣ муттаҳам кард.

Дар баёнияи намояндагии Эрон дар Созмон милали муттаҳид изофа шудааст: Намояндаи Амрико ҳамчунин ба ончи, ки онро ҳамла таҳти ҳимояти Эрон ба консулгарии Ироқ дар Басра хонд, низ ишора кард, ки боз ҳам иддаое беасос буд.

Ин баёния таъкид кардааст: Эронҳаросӣ эътиёди дерини намояндаи доими Амрико ва сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти режими Исроил алайҳи фаластиниён ва низ ҳимоятҳои бечунучарои Амрико аз ин ҷиноёт, маъмурияти аслии вай аст.

Никки Ҳейли рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои амният, ки бо мавзӯи Фаластин баргузор шуд, зимни он ки гузориши Николай Молодинов ҳамоҳангкунандаи Созмони милал дар умури сулҳи Ховари Миёнаро мунсифона надонист, иттиҳомотеро ба Эрон нисбат дод.

 

Барчасп