Ноябр 20, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи бозориёни Теҳрон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Яман

Ҷамъе аз бозориён ва фаъолони иқтисодии Эрон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Яман дар баробари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, бозориён ва фаъолони иқтисодии Эрон рӯзи сешанбе дар ин таҷаммуъ куштори ваҳшёнаи занон, кӯдакон ва мардуми ситамдидаи Яманро маҳкум карданд ва расидагии ҳарчи сареътари ниҳодҳои байналмилалӣ ба вазъияти Яман ва муқобила бо иқдомоти зиддибашарии режими Саудиро хостор шуданд. Бозориён ва фаъолони иқтисодӣ бо қироати баёнияе ба ду забон, форсӣ ва англисӣ хитоб ба Созмони Милали Муттаҳид бар истифода аз ҳамаи зарфиятҳои ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ дар ҳимоят аз башарият дар Яман ва бархӯрд бо ноқизони ҳуқуқи башар таъкид карданд.

Устодони ҳавза, уламо, рӯҳониён ва толибилмони Эрон низ рӯзи якшанбе дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Яман дар ҳавзаи илмияи Марвии Теҳрон таҷаммуъ карданд ва нафрати худро аз омилони ҷинояти зиддибашарӣ дар Яман нишон доданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 ҳамла ба Яман ва муҳосираи заминӣ, обӣ ва ҳавоии ин кишварро оғоз кардааст.