Рӯнамоӣ аз зиреҳпӯши пешрафтаи эронии «Тӯфон»
Бо ҳузури вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон зиреҳпӯши зидди мина ва зидди камини «Тӯфон» рӯзи сешанбе рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши ИРНА, ин худрав барои маъмуриятҳои пуштибонии размӣ ва ҳаракат дар манотиқи ҷанг бо қобилияти суръати боло, ҳаракат дар шабҳо ва убур аз монеа сохта шудааст.
Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими рӯнамоӣ аз ин зиреҳпӯш гуфт, роҳбурди Вазорати дифоъ, барӯзрасонии таҷҳизоти дифоии мавриди истифодаи нерӯҳои мусаллаҳ бо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ ва вобаста набудан ба дигар кишварҳост. Ба гуфтаи Амири Ҳотамӣ, “Тӯфон” бо қобилияти муқовимат дар баробари инфиҷори мина ва таллаҳои инфиҷор бо қудрати чандинкилограммӣ ва сатҳи ҳифозат дар баробари гулӯлаҳои мухталифҳастаи фӯлод сохта шудааст. Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон афзуд, худрави «Тӯфон» ба гунае тарроҳӣ шудааст, ки илова бар таҳарруки боло ва тавонмандии убур аз мавонеъ қобилият убур аз канали об бо умқи якуним метр ва убур аз мавонеи амудии 50-сантиметриро дорад.
Зиреҳпӯши зидди мина ва зиддикаминии “Тӯфон” ҳамчунин метавонад бо 10 сарнишин ва суръати 100 километр дар соат дар ҳолати панчарӣ (холӣ шудани боди чарх)-и чархҳо ҳам 50 километрро тай кунад.