Ноябр 21, 2018 12:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористии Кобулро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбешаб ҳамлаи террористии Кобулро, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, маҳкум кард ва бо хонаводаи қурбониёни ин ҷиноят ибрози ҳамдардӣ намуд.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ бо ишора ба ин ки амалиёти ҳавлнок ва даҳшатбори террористии ахири Кобул дар айёми мелоди паёмбари раҳмат ва шафқат ҳазрати Муҳаммад (с) боиси шаҳодати чандин тан аз уламои аҳли суннати Афғонистон шуд, афзуд: Дастҳои пинҳони ин амалиёти террористии ноҷавонмардона ҳадафе ҷуз доман задан ба фитнаи қавмӣ, фирқаӣ ва мазҳабӣ надоштаанд.

Қосимӣ ибрози умедворӣ кард, миллати Афғонистон бо ҳифзи ваҳдат, пуштибонӣ аз давлати марказӣ ва бо бакоргирии таҷрибаҳои гузаштаи худ дар роҳи мубориза бо терроризм, ин рӯзҳоро бо салобат ва дироят пушти сар гузорад ва дар масири эҷод ва тасбити сулҳу амнияти пойдор дар кишвари худ гомҳои муҳкаме бардорад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, мардуми Афғонистон қатъан дар ин роҳ аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи давлат ва миллати Эрон чун ҳамеша бархурдор хоҳанд буд.

Дар ҳамлаи интиҳории рӯзи сешанбе ба маросими гиромидошти мелоди паёмбари гиромии Ислом (с) дар Кобул, пойтахти Афғонистон, дастикам 60 нафар кушта ва 80 тани дигар захмӣ шуданд.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, аммо масъулияти ҳамлаҳои мушобеҳро то кунун ДОИШ пазируфтааст.