Вокуниши Эрон ба баёнияи Трамп дар бораи қатли Хошуқҷи: Шармовар аст!
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39629-Вокуниши_Эрон_ба_баёнияи_Трамп_дар_бораи_қатли_Хошуқҷи_Шармовар_аст!
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баёнияи раисҷумҳури Амрико дар бораи террори Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудиро “шармовар” тавсиф кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 21, 2018 11:46 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба баёнияи Трамп дар бораи қатли Хошуқҷи: Шармовар аст!

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баёнияи раисҷумҳури Амрико дар бораи террори Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудиро “шармовар” тавсиф кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳисоби Твиттери худ навишт: “Трамп дар иқдоме аҷиб нахустин банди баёнияи шармовараш дар бораи ҷиноятҳои Саудиро ба муттаҳам кардани Эрон ба анвои шароратҳое, ки дар тасаввураш мегунҷад, ихтисос додааст. Шояд муқассирс оташсӯзис Калифорния ҳам Эрон аст, зеро ба тамиз кардани ҷангл бо чангак кумак накардааст”.

Бахши дувуми твити Зариф дар бораи “тамиз кардани ҷангал бо чангак” ба изҳороти ахири Трамп дар бораи оташсӯзии Калифорния, ки бо тамасхури фаровон мувоҷеҳ шуд, ишора дорад.

Трамп, ки мудирияти нодурусти нигаҳдории ҷанглҳоро омили аслии оташсӯзии ахир дар иёлати Калифорнияи Амрико медонад, дар сафар ба ин иёлат гуфта буд, “Саули Ниниста, раисҷумҳури Финляндия ба вай гуфтааст, финляндияиҳо замони зиёдеро сарфи тамиз кардани ҷанглҳои ин кишвар бо чангак мекунанд”.

Раисҷумҳури Финляндия дар вокуниш ба ин изҳороти Трамп гуфт, ҳаргиз бо раисҷумҳури Амрико дар бораи ин мавзуъ сӯҳбат накардааст.

Доналд Трамп асри сешанбе дар баёнияе дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, дахолати шоҳ ва валиаҳди Арабистонро дар қатли ин рӯзноманигор рад кард ва дар изҳори назари берабт ба мавзӯи Хошуқҷи, Эронро ба бесуботӣ дар минтақа муттаҳам кард.