Таъкид бар густариши равобити Эрон ва Италия
(last modified Thu, 22 Nov 2018 14:42:27 GMT )
Ноябр 22, 2018 19:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши равобити Эрон ва Италия

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Италия бар иродаи сиёсии ду кишвар барои густариши равобит дар абъоди мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Энсо Моаверо Миланези (Enzo Moavero Milanesi), вазири умури хориҷаи Италия дар Рум пойтахти ин кишвар, дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба БАРҶОМ ва созу кори вижаи Аврупо барои ҳифзи он пас аз хурӯҷи якҷониба ва ғайри қонунии Амрико табодули назар кард.

Зариф бо интиқод аз Амрико дар хуруҷи ғайри қонунӣ аз БАРҶОМ, афзуд, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо хурӯҷ аз БАРҶОМ, қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро нақз ва дигаронро ҳам ба нақзи он тарғиб кардааст ва кишварҳое, ки бихоҳанд ба БАРҶОМ пойбанд бошандро ба таҳрим таҳдид мекунад.

Вазири умури хориҷаи Италия низ БАРҶОМ-ро боиси тақвияти сулҳ ва амнияти байналмилалӣ хонд ва бар талоши ҳамаҷонибаи ин кишвар барои кумак ба ҳифзи он дар канори соири кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таъкид кард.

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бавижа дар дар заминаи гардишгарӣ, ҳамкориҳои илмӣ, масоили минтақаӣ бавижа шароити ҷорӣ дар Сурия ва вазъияти фоҷиабор дар Яман ва низ таҳаввулот дар Либия аз дигар меҳварҳои гуфтугӯҳои вазирони умури хориҷаи Эрон ва Италия эълом шудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст, дар сафар ба Рум бо Роберто Фисо(Roberto Fico), раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар низ дидор кунад.

Зариф ҳамчунин бо эрониёни муқими Италия дидор хоҳад кард ва сипас дар як нишасти иқтисодӣ ширкат мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон асри панҷшанбе ҳам дар конфронси байналмилалии гуфтугӯҳои Баҳри Миёназамин ва Ховари Миёна, ки намояндагоне аз 56 кишвари ҷаҳон дар он ҳузур меёбад, суханронӣ мекунад.