Шикояти Эрон аз Амрико дар олитарин мақоми дарёии ҷаҳон
(last modified Thu, 22 Nov 2018 16:24:00 GMT )
Ноябр 22, 2018 21:24 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Эрон аз Амрико дар олитарин мақоми дарёии ҷаҳон

Ҷумҳурии Исломии Эрон санади шикоят аз Амрикоро ба иллати нақзи Конвенсияи Созмони байналмилалии дарёнавардӣ ва талош барои эҷоди маҳдудиятҳои мунҷар ба таҳдиди эминӣ ва ҳифзи муҳити зисти дарёӣ, ба Шӯрои Созмони байналмилалии дарёнавардӣ ироа кард.

Ҳайати эъзомии Эрон бо истинод ба мусавваботи Созмони байналмилалии дарёнавардӣ эълом кард, талошҳои Амрико дар эҷоди маҳдудият барои фаъолияти киштиҳои бозаргонии Эрон, нақзи ошкор конвенсияҳои нозир бар фаъолиятҳои дарёнавардӣ аст.

Санади эътирозии Эрон, ки ҳар гуна маҳдудият барои фаъолияти новгони киштиронии тиҷориро маҳкум мекунад, ҳамзамон бо 121-умин нишасти аъзои Шӯрои Созмони байналмилалии дарёнавардӣ дар ин шӯро, ба дабирхонаи ин созмон ироа шудааст.

Ҳайати Эрон дарҷи мафоди санади шикоят аз Амрико ва маҳкум кардани ҳар гуна иқдоми табъизомез ва таҳдидкунандаи эминӣ, амният ва муҳити зисти дарёиро дар баёнияи поёнии нишасти аъзои шӯрои Созмони байналмилалии дарёнавардӣ хостор шудааст.

Конвенсияи Созмони байналмилалии дарёнавардӣ эъмоли ҳар гуна табъиз зидди фаъолиятҳои ҳамлу нақли дарёии бозаргониро мардуд дониста ва аз 171 кишвар узв ин созмони байналмилалӣ хостааст, дар амал ба он кӯшо бошанд.

Созмони байналмилалии дарёнавардӣ, олитарин мақоми дарёии ҷаҳон ва аз ҷумлаи ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид аст.

121-умин нишасти Шӯрои Созмони байналмилалии дарёнавардӣ (International Maritime Organization) рӯзи душанбе бо ҳузури ҳайатҳои намояндагии кишварҳои узв, аз ҷумла Эрон дар мақари ин созмон дар Лондон кушоиш ёфт.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, 8 майи 2018 ба таври якҷониба хурӯҷи кишварашро аз БАРҶОМ эълом кард ва тайи ду марҳала, таҳримҳои ҳастаиро зидди Эрон бозгардонд.

Ин таҳримҳо ба таври мустақим мардуми Эронро ҳадаф қарор додааст.