Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Мусулмонон бояд муқобили тавтиаҳои абарқудратҳо биистанд
(last modified Fri, 23 Nov 2018 11:52:54 GMT )
Ноябр 23, 2018 16:52 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Мусулмонон бояд муқобили тавтиаҳои абарқудратҳо биистанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, таъкид кард: Мусулмонон бояд бо ваҳдат муқобили тавтиаҳои абарқудратҳо биистанд ва иҷоза надиҳанд фосилае байни уммати исломӣ эҷод шавад.

Оятуллоҳ Сайидаҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои имрӯзи намози ҷумъаи Теҳрон, бар лузуми ваҳдат миёни мусулмонон таъкид кард ва афзуд: Шиъа ва суннӣ бояд бо такя бар муштаракоти худ муқобили душманони Ислом биистанд ва бо ваҳдат мушти маҳкаме бар даҳони Амрико бизананд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин басиҷро фарҳанги омодагӣ дар дифоъ аз дин ва арзишҳо донист ва гуфт: Ин фарҳанг дар Ироқ ҷавоб дод ва Мавсилро аз шарри доишиҳо наҷот дод ва дар Лубнон ва Сурия ва Яман низ фарҳанги басиҷӣ ҷавоб додааст.

Оятуллоҳ Хотамӣ, ба изҳороти зиддиэронии раиси ҷумҳурии Амрико ишора кард ва гуфт: давлати Амрико худ террорист ва террористпарвар буда ва терроризмро ба Сурия фиристод ва аз Арабистон, ки омили аслии шаклгирии ДИИШ ва гурӯҳҳои террористӣ аст, ҳимоят мекунад.

Вай ба ҷиноёти Арабистони Саудӣ ва ҳомиёнаш дар Яман ишора ва тасреҳ кард: Маҷомеи байналмилалӣ аз озмуни Яман сарафканда берун омадаанд ва танҳо ба маҳкум кардани ҷиноёти Оли Сауд ва ҳомиёни он дар Яман иктифо мекунанд, дар ҳоле ки бояд Амрикоро, ки ҳомии аслии Арабистон аст, таҳти фишор қарор диҳанд, то аз ин ҷиноёт даст бардорад.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар сарзаминҳои ишғолӣ, ибрози умедворӣ кард: Бо тадовуми тазалзул дар кобинаи режими саҳюнистӣ баъд аз таҳоҷум ба навори Ғазза ва партоби мушакҳои муқовимати Фаластин ба самти сарзаминҳои ишғолӣ, ба зудӣ шоҳиди нобудии режими саҳюнистӣ бошем.