Омодагии Ҳилоли аҳмари Эрон барои ҳузури башардӯстона дар Яман
(last modified Fri, 23 Nov 2018 12:23:48 GMT )
Ноябр 23, 2018 17:23 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ҳилоли аҳмари Эрон барои ҳузури башардӯстона дар Яман

Дабири кулли ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон, аз омодагии Теҳрон барои кумаки муассиртари инсонӣ ба Яман хабар дод ва хостори ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ дар ин замина шуд.

Маҳмуди Муҳаммадинасаб рӯзи ҷумъа дар дидор бо Рашид Холиков дастёри дабири кулли Созмон милал дар умури мушорикатҳои башардӯстона дар Теҳрон, гуфт: Кумак ба буҳронҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла сели Покистон, хушксолии Сомалӣ, буҳронҳои Ироқ, Сурия ва Яман аз ҷумлаи иқдомоти ҷамъияти Ҳилол аҳмари Эрон дар арсаҳои байналмилалӣ аст.

Вай бо ишора ба буҳрони кишварҳои Сурия, Ироқ ва ҳамчунин буҳрони инсонӣ дар Яман, гуфт: Созмони милал барои кумак ба қурбониёни даргириҳои Яман ва Сурия ва кумак ба қишрҳои осебпазир дар Ироқ, Афғонистон ва Миёнмор ба ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон кумак кунад.

Рашид Холиков дастёри дабири кулли Созмони милал дар умури мушорикатҳои башардӯстона, ҳам дар ин дидор, гуфт: Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон иттилооти марбут ба кумакҳои башардӯстонаи худ дар Яман, Ироқ, Сурия ва Афғонистонро дар ихтиёри Созмони милал қарор диҳад то ин созмон ҳам битавонад дар кумак ба кишварҳои дучори буҳрон ва даргирӣ дар Ховари Миёна қадам бардорад.