Ноябр 24, 2018 10:54 Asia/Dushanbe

Дабири Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ гуфт, паёми аслии сивудувумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон “пуштибонӣ аз мардуми мазлуми Фаластин ва меҳвари муқовимат” аст.

Оятуллоҳ Муҳсини Арокӣ ҷумъашаб дар бахши хабарии 21 –и шабакаи яки симо афзуд, садҳо шахсияти барҷаста аз ҷаҳони Ислом ба намояндагӣ аз якуним миллиард мусалмон дар ин конфронс ҳузур хоҳанд дошт.

Вай гуфт, ширкаткунандагон дар ин конфронс эълом мекунанд, ки ба муқовимат дар баробари саҳюнистҳо ва Амрико идома хоҳанд дод.

Дабири Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ афзуд, Амрико бояд бидонад, абзори таҳрим алайҳи миллатҳои мусалмон дигар таъсир надорад.

Оятуллоҳ Арокӣ гуфт, пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин конфронс ин аст, ки ба мардум ва сокинони аслии Фаластин иҷоза дода шавад то худашон навъи режими ҳокимро интихоб кунанд ва ин танҳо роҳи иҷрои адолат аст.

Вай афзуд, яке аз масоили аслии сивудувумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ мавзӯи Яман ва лузуми иттиҳоди ҷаҳони Ислом барои ҳимоят аз мардуми мазлуми Яман аст.