Ноябр 24, 2018 13:41 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон

Ба муносибати фаро расидани мелоди босаодати ҳазрати хатми мартабат Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва валодати ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ алайҳиссалом, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти як ҳазору ҳаштодушаш нафар аз маҳкумони маҳокимаи умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва созмони таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.

Оятуллоҳ Омулии Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоия дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин маҳкумонро, ки дар комиссияи марказии афв ва бахшудагии қувваи қазоия дорои шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз асли 110 –и Қонуни Асосӣ, мавриди мувофиқати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.