Ноябр 25, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
  • Оғози сабти номи давраи донишафзоии забони форсӣ дар Бунёди Саъдии Эрон

Бунёди Саъдии Эрон нахустин мактаби замистонии донишафзоии адабиёти форсиро барои донишҷӯёни риштаи забон ва адабиёти форсӣ ва дигар алоқамандон ба ин забон дар саросари ҷаҳон баргузор мекунад.

Ба гузориши сайти хабарии Бунёди Саъдӣ, ин давраи омӯзишӣ, ки ҳаштодушашумин давраи донишафзоии забон ва адабиёти форсӣ аст, бо ҳадафи тақвияти маҳоратҳои шунидорӣ, гуфторӣ, хондан, навиштан ва тавсиаи тавони иртиботии форсиомӯзони хориҷӣ аз дувоздаҳуми январ баргузор мешавад.

Хоҳишмандон барои ширкат дар ин давраи омӯзишии 80-соата метавонанд бо муроҷиа ба вебгоҳи Бунёди Саъдӣ ба нишонии www.sflc.ir барои дарёфти иттилооти бештар ва сабти ном иқдом кунанд.