Тавлиди "Шамъи ҳаёт" дар “Садои Хуросон”
(last modified Mon, 26 Nov 2018 10:10:58 GMT )
Ноябр 26, 2018 15:10 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди

Қитъаи мусиқии "Шамъи ҳаёт", тавлиди радиои “Садои Хуросон”-и Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Шӯрои олии мусиқии устонҳои ин созмон шоистаи таҳсин ва ташвиқ дониста шуд.

Мудири радиои “Садои Хуросон” бо эъломи ин хабар гуфт, бо лутфи Худо ва ба ҳиммати ҳамкорон ин муваффақият насиб мо шудааст. Мухтор Фарзодӣ афзуд, шеъри ин мусиқӣ аз Иқболи Лоҳурӣ аст ва бастакору хонандагии онро Умари Темур, аз хонандагони номии Тоҷикистон бар уҳда дошт. Вай аз мудири ҳамоҳангии мусиқӣ ва суруди марокизи устонҳо ва доварони Шӯрои олии мусиқии устонҳо барои ин интихоб тақдир кард.

Фарзодӣ ёдовар шуд, бо ҳамоҳангии анҷомшуда ва буҷаи муованати устонҳо солона 5 асари мусиқӣ дар “Садои Хуросон”  тавлид, танзим ва тасвиргузорӣ мешавад, то аз шабакаҳои дохилӣ ва хориҷии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шавад.