Ноябр 28, 2018 14:11 Asia/Dushanbe
  • Иртиқои 15 рутбаии забони порсӣ дар ҷаҳон

Гузориши марҷаи илмии байналмилалии “Скопус” баёнгар аз он аст, ки аз соли 2001 то 2017 корбурди забони порсӣ ба унвони забони илм 15 рутба иртиқо ёфтааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Мансури Кабкониён, дабири Шӯрои ситоди иҷрои нақшаи ҷомеи илмии Эрон гуфт, забони порсӣ дар соли 2001 ба унвони як забони илмӣ дар миёни забонҳои ҷаҳон рутбаи сиюмро доштааст, ки ин ҷойгоҳ дар соли 2017 бо иртиқо ба рутбаи понздаҳум расидааст.

Кабкониён афзуд, иртиқои рутбаи забони порсӣ ба унвони забони илм яке аз аҳдофи нақшаи ҷомеи илмии Эрон аст, ки тибқи он бояд мустанадоти илмии кишвар ба забони порсӣ дар ҷаҳон мунташир шавад.

Вай афзуд, барои идомаи ин ҷойгоҳ донишмандон ва пажӯҳишгарони порсии забон бояд мустанадот ва мақолоти худро илова бар дигар забонҳо ба забони порсӣ низ ироа кунанд.

Scopus яке аз намояҳои истиноди муътабар ва шинохташуда аст, ки иттилооти китобшинохтии ҳудуди 60 миллион санадро дар худ ҷамъоварӣ кардааст.

Scopus ҳамчунин иттилооти маҳсулоти ҳудуди 5 ҳазор ношири илмӣ ва 16 ҳазору панҷсад маҷаллаи илмии пажӯҳишеро аз саросари ҷаҳон дар худ ҷой додааст.