Ноябр 29, 2018 17:24 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон аз Эрон

Раиси дафтари Комиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони Эрон, аз давлат ва мардуми Эрон барои ҳимоят ва мизбонӣ аз паноҳандагони хориҷӣ, қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Солеҳ Сабӯҳ, раиси дафтари Комиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони Эрон, рӯзи панҷшанбе дар ҳамоиш ва коргоҳи омӯзиши ҳуқуқи паноҳандагон дар устони Кирмон дар ҷануби Эрон, гуфт, сиёсати Эрон дар хидматрасонӣ ба паноҳандагон барои рафъи мушкилоти маишӣ, беҳдоштӣ ва таҳсили онон, сармашқе барои кишварҳои дунё аст.

Вай афзуд, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар мизбонии матлуб аз паноҳандагон, фурсати рушд ва таъсиргузории атбои хориҷиро дар ҷомеа фароҳам кардааст.

Раиси дафтари Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Эрон таъкид кард, сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи паноҳандагон ба пуштивонаи мардумӣ бо фарҳанги ин кишвар барои кӯмак ба ниёзмандон анҷом мешавад ва паноҳандагон қадрдони кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо ҳастанд.