Ноябр 29, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Шодии эрониёни дастандаркори сохти Роғун аз самар додани талошҳо

Дар сохти нирӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон, 450 эронӣ дар қолаби ҳашт ширкат машғул ба кор ҳастанд, ки аз ифтитоҳи чархаи нахусти ин нирӯгоҳ шодмонанд.

Алӣ Қишмипур, муовини мудиромили ширкати “Сомониён” дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, роҳандозии нахустин турбинаи нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро натанҳо барои ин кишвар, балки барои минтақа рӯйдоди таърихӣ донист ва гуфт, дар ин нирӯгоҳ дар радифи дӯстон ва бародарони тоҷик теъдоде аз ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла эронӣ, фаъолият доранд ва талош мекунанд дар такмили ин проект нақш ифо кунанд.

Вай идома дод, дар нирӯгоҳи Роғун ҳашт ширкати эронӣ фаъолият доранд, ки панҷ ширкат паймонкор ва се ширкат низ муҳандиси мушовир мебошанд.

Қишмипур теъдоди эрониён дар Роғунро қобили таваҷҷуҳ хонд ва гуфт, тақрибан 300 нафар эронӣ ба сурати тамом вақт ва 150 нафар низ ба сурат нимавақт машғул ба фаъолият ҳастанд.

Вай афзуд, ширкатҳои эронӣ умдатан корҳои сохтмонӣ аз ҷумла ҳаффорӣ ва пӯшиши бетони сақф ва девораҳои туннелҳоро анҷом медиҳанд.

Амирпурё Рӯҳӣ, мудири дафтари ширкати Сомониён низ гуфт, мо аз соли 2009 дар радифи бародарони тоҷики худ, саъй ва талошмонро ба харҷ додем то ба лаҳзаи ҳассос ва муҳимми оғози тавлиди барқ дар нирӯгоҳи Роғун бирасем ва ҳамчунон дар канори тоҷикҳо хоҳем буд, то ин проект тибқи барнома такмил шавад.

Соро Расулӣ, яке аз занони эронии машғул дар проекти Роғун низ ба хабарнигори Форс, гуфт: «дар Роғун натанҳо мардон, балки занони эронӣ низ ҳузур доранд аз ҷумла худи ман наздики 2,5 сол аст, ки дар ширкати Сомониён машғул буда ва аз ин ҷиҳат хеле хушҳол ҳастам.»