Ноябр 29, 2018 20:26 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии духтарони футболисти Эрон муқобили Тоҷикистон

Тими миллии футболи бонувони Эрон дар идомаи рақобатҳои футболи бонувони Осиёи Марказӣ, Тоҷикистонро шикаст дод.

Тими миллии футболи бонувони Эрон дар сеюмин дидори худ дар мусобиқоти футболи бонувони Осиёи Марказӣ мавсум ба CAFA 2018 рӯзи панҷшанбе (29 ноябр) баробари тими Тоҷикистон ба майдон рафт ва бо натиҷаи чаҳор бар як ба пирӯзӣ расид.

Нахустин голи ин бозиро Тоҷикистон дар дақиқаи 2 вориди дарвозаи Эрон кард, аммо бозикунони Эрон дар дақиқаи 9 бозиро ба мусовӣ кашонданд ва ин натиҷа то поёни нимаи аввал бидуни тағйир боқӣ монд.

Дар нимаи дувум тими Эрон майдондор буд ва дар дақиқаҳои 53, 70 ва 87 се гол басамар расонд, то дар маҷмӯъ бо натиҷаи 4 бар як пирӯзи ин мусобиқа шавад.

Эрон рӯзи шанбе аввали декабр дар чаҳорумин дидори худ ба масофи Қирғизистон меравад.

Рақобатҳои футболи бонувон CAFA зери назари Конфедератсияи футболи Осиё дар манотиқи мухталифи марказ, ғарб, ҷануб ва ҷанубишарқи Осиё баргузор мешавад.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ тимҳои Афғонистон, Узбакистон, Эрон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 23 ноябр то як декабр бо якдигар ба рақобат мепардозанд, ки мизбонии ин давра аз мусобиқот бар ӯҳдаи Тоҷикистон аст.