Дипломати эронӣ: Сабри Эрон бепоён нест
(last modified Fri, 30 Nov 2018 13:16:08 GMT )
Ноябр 30, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Дипломати эронӣ: Сабри Эрон бепоён нест

Дипломати аршади эронӣ ба тарафҳои аврупоии тавофуқи ҳастаӣ ёдоварӣ кард, ки сабри Эрон ва боқӣ мондан дар ин тавофуқ, бепоён нест.

Сайидаббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА, ба талоши Аврупо барои эҷоди созукори молӣ бо Эрон ишора кард ва гуфт: Теҳрон ба Аврупо барои эҷоди ин созукор фурсат медиҳад, аммо сабри Ҷумҳурии Исломии Эрон бепоён нест.

Ироқчӣ гуфт: Аврупоиҳо то кунун натавонистаанд роҳи ҳалҳои амалиётӣ барои табодули молӣ бо Эрон ироа кунанд, аммо манофеи Эрон аз БАРҶОМ бояд ҳифз шавад.

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон, манофеи Эрон аз БАРҶОМ-ро танҳо иқтисодӣ надонист ва афзуд: Эрон маҷмӯаи манофее аз ҷумла манофеи сиёсӣ аз БАРҶОМ дорад, ки то замоне ки ин манофеъ таъмин шаванд, дар тавофуқи ҳастаӣ боқӣ хоҳад монд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико беэътино ба мухолифатҳои ҷаҳонӣ рӯзи ҳаштуми майи гузашта ба таври якҷонба бо нақзи тааҳҳудоти БАРҶОМ, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Пас аз ин иқдоми Трамп Эрон ва Аврупо гуфтугӯҳоеро ба манзури ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ оғоз карданд ва Аврупо мутааҳҳид шуд, бастае ҳимоятӣ дар чорчуби БАРҶОМ ва барои муқобила бо таҳримҳои Амрико алайҳ Эрон ба Теҳрон ироа кунад.