Декабр 02, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ ҳеҷ қатъномае озмоишҳои мушакии Эронро мамнуъ накардааст

Сухангӯи вазорати умури хорҷаи Эрон гуфт: Ҳеҷ қатъномае дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид барномаи мушакӣ ва ё озмоишҳои мушакии Эронро мамнуъ накардааст.

Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии вазорати умури хорҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ рӯзи якшанбе дар вокуниш ба иддаои Майк Пампео вазири умури хорҷаи Амрико, ки озмоишҳои мушакии Эронро нақзи қатъномаи 2231 Шӯрои амният донист, тасреҳ кард: Барномаи мушакии Эрон моҳияти дифоӣ дорад ва бар асоси ниёзҳои кишвар тарроҳӣ мешавад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон хитоб ба вазири умури хорҷаи Амрико афзуд: Ҷолиб ва албатта хандовар аст, ки ба қатъномае истинод мекунед, ки бо хуруҷ якҷонба ва ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ натанҳо худ онро нақз кардаед, балки дигаронро ҳам ба нақзи он ташвиқ ва ё ҳатто агар онро иҷро кунанд, таҳдид ба танбеҳ шудан ва таҳрим мекунед.