Тири Амрико ва муттаҳидонаш зидди Эрон ба санг хурд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39960-Тири_Амрико_ва_муттаҳидонаш_зидди_Эрон_ба_санг_хурд
Нишасти пӯшидаи рӯзи сешанбеи Шӯрои амният дар бораи Эрон, ки ба исрори Фаронса ва Британия барои баррасии мавзӯи иддаоии озмоиши мушакии Эрон баргузор шуд, бидуни ҳеҷ натиҷае поён ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 05, 2018 07:42 Asia/Dushanbe
  • Тири Амрико ва муттаҳидонаш зидди Эрон ба санг хурд

Нишасти пӯшидаи рӯзи сешанбеи Шӯрои амният дар бораи Эрон, ки ба исрори Фаронса ва Британия барои баррасии мавзӯи иддаоии озмоиши мушакии Эрон баргузор шуд, бидуни ҳеҷ натиҷае поён ёфт.

Ба гузориши “Порс Тудей”, Мансур Алутайби, намояндаи доими Кувайт дар Созмони Милали Муттаҳид пас аз ин нишаст дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, иттифоқи назаре миёни аъзои Шӯрои амният дар хусуси мавзӯи иддаоии озмоиши мушакии Эрон вуҷуд надорад.

Никки Ҳейли, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид пеш аз баргузории ин нишаст аз Шӯрои амният хоста буд, озмоиши мушакии Эронро маҳкум кунад.

Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико шанбешаби гузашта муддаӣ шуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тозагӣ як мушаки миёнбурди баллистик озмоиш карда, ки қодир аст кулоҳакҳои зиёде ҳамл кунад.

Пампео бидуни ироаи ҳеҷ гуна санаде иддао кард, ин озмоиш дар таноқуз бо Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти Созмони Милал будааст.

Ба дунболи ин иддао, муттаҳидони аврупоии Амрико, яъне Олмон, Фаронса ва Британия низ дар пайравӣ аз Вашингтон, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба нақзи Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амният муттаҳам карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон низ якшанбешаб дар вокуниш ба ин иддао хитоб ба вазири хориҷаи Амрико изҳор дошт, Амрико Эронро ба нақзи қатъномае муттаҳам мекунад, ки худ онро нақз кардааст.

Зариф бо баёни ин ки таваққӯи дигаре аз Пампео нест, ба ҷуз ин ки БарҶомро нафаҳмида бошад гуфт, касоне, ки бо БарҶом ошно ҳастанд медонанд, ки мушакҳо дар БарҶом ҳеҷ мамнуияте надорад.