Зариф: Тавони дифоии Эрон қобили музокира нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39969-Зариф_Тавони_дифоии_Эрон_қобили_музокира_нест
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ ҳамвора бар тавонмандиҳои мушакии худ таъкид дорад ва тавони дифоии Эрон қобили музокира нест.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 05, 2018 13:36 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Тавони дифоии Эрон қобили музокира нест

Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ ҳамвора бар тавонмандиҳои мушакии худ таъкид дорад ва тавони дифоии Эрон қобили музокира нест.  

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Кишварҳое, ки дар бораи тавони дифоии Эрон изҳори назар мекунанд, ҳамонҳое ҳастанд, ки миллиардҳо доллар силоҳ ба минтақаи ғарби Осиё сарозер карда ва боиси ноамнӣ дар ин минтақа шудаанд.

Зариф афзуд: Сиёсати дифоии Эрон боздоранда аст ва ҳеҷ кишваре наметавонад аз кишвари мустақил ва бузурге мисли Эрон бихоҳад, ки абзори дифоӣ дар ихтиёр надошта бошад.