Декабр 05, 2018 17:35 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба иҷлоси саросарии намоз

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба бисту ҳафтумин Иҷлоси саросарии намоз дар Эрон, ин иҷлосро нишонаи ҳақгузорӣ дар баробари фаризаи намоз донистанд.  

Дар паёми ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба Иҷлоси саросари намоз, ки рӯзи чаҳоршанбе Оятуллоҳ Саидмуҳаммади Шоҳчароғӣ, намояндаи валии фақеҳ дар устони Симнони Эрон онро хонд, омадааст: Иҷлоси солонаи намоз аз сӯе нишонаи ҳақгузорӣ дар баробари фаризае аст, ки метавонад бар ҳамаи аъмол ва фароизи дигар, рӯҳ бидамад ва онҳоро коромад кунад ва аз сӯи дигар хидмати бузурге аст ба онон, ки ҳаққи ин ҳадияи илоҳиро надониста ва дар он саҳлингорӣ мекунанд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём афзудаанд: Намоз онгоҳ, ки бо хушуъ ва ҳузур гузорда шавад, ҷомеаро ба салоҳ ва садод (ростӣ) дар забон ва амал мекашонад ва эътило мебахшад.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки бахши муҳиме аз гирифториҳо ва олудагиҳои мо бар асари напардохтан ба ин ҳақиқати ҳушдордиҳанда (нақши намоз дар салоҳи ҷомеа) аст, тасреҳ карданд: Аз ин рӯ тарвиҷи намоз бо ҳамаи шеваҳои асаргузор, дар шумори вазоифи бузурге аст, ки ҳама бояд бадон эҳтимом варзем.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ омӯзиш ва парваришро яке аз арсаҳои асаргузор дар тарвиҷи намоз донистанд ва афзуданд: Мадрасаҳоро ба намозхонии навҷавонон музайян кунед, зеро ин бартарин тазмин барои саломатии ояндаи ҷомеа аст.

Бисту ҳафтумин иҷлоси саросари намоз рӯзи чаҳоршанбе панҷуми декабр дар устони Симнони Эрон оғоз ба кор кард.