Декабр 05, 2018 20:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳадияи генерали эронӣ барои муфтии аъзами Ироқ

Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар дидор бо муфтии аҳли суннати Ироқ ҳадияеро ба ӯ тақдим кард.  

Дорулфатвои Ироқ дар баёнияе эълом кард, дар дидори сешанбеи Шайх Маҳдии Алсумайдаӣ, муфтии аҳли суннати Ироқ бо генерал Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон зарурати ҳимоят аз меҳвари муқовимат мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтааст.

Генерал Сулаймонӣ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз мавзеъгириҳои муфтии аҳли суннати Ироқ, намоде аз Зулфиқор, шамшери ҳазрати Алӣ (а)-ро ба Шайх Алсумайдаӣ эҳдо кард ва гуфт: Шамшери имом Алӣ (а) нишонаи садоқати эҳсосот ва таваҷҷуҳ ба озодии Фаластин аст.  

Алсумайдаӣ низ дар ин дидор бар зарурати густариши рӯҳияи дӯстӣ ва бародарӣ ва ташвеқи хатибон ва имомхатибон ба амал дар ин чорчуб таъкид кард.