Декабр 06, 2018 14:33 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар ҷануби шарқи Эрон

Дар инфиҷори террористӣ дар назди ситоди интизомии шаҳристони Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистони Эрон 2 нафар шаҳид шуданд.

Раҳимдил Бомирӣ, сарпарасти фармондори шаҳристони вижаи Чобаҳор афзуд: Террористҳо панҷшанбе як мошини ҳомили маводи мунфаҷираро дар вурудии ситоди интизомии ин шаҳристон мунфаҷир карданд.

Муҳаммадҳодии Марашӣ, муовини амниятии интизомии устондори Систон ва Балучистони Эрон низ имрӯз инфиҷори наздики ситоди интизомии Чобаҳорро тайид кард.

Токунун 2 нафар дар ин ҳодисаи террористӣ ба шаҳодат расиданд.

Раҳимдил Бомирӣ, сарпарасти фармондори шаҳристони вижаи Чобаҳор низ гуфт, ин ҳодиса чанд маҷрӯҳ низ дошта, ки аз косибон ва раҳгузарон будаанд.

Ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодиса ҳануз эълом нашудааст.