Декабр 06, 2018 17:20 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишвари Эрон: Авзои амниятии Чобаҳор таҳти контрол аст

Мудири кулли марзии вазорати кишвари Эрон дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) гуфт: “Авзои амниятӣ дар Чобаҳор таҳти контрол аст ва шароит дар шаҳри оддӣ аст”.

Як террорист имрӯз (панҷшанбе) ба мақари интизомии шаҳристони Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистони Эрон ҳамла ва як худрави ҳомили маводи мунфаҷираро дар вурудии ситоди интизомии ин шаҳристон мунфаҷир кард. Дар ин ҳамла ду нафар ба шаҳодат расиданд ва 28 нафар аз шаҳрвандон маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Шаҳриёри Ҳайдарӣ, мудири кулли марзии вазорати кишвари Эрон изҳор кард: “ҳадафи омили интиҳориӣ садама ба мақари нерӯи интизомии Чобаҳор буд, ки бо аксулъамали ба мавқеи маъмурон чун ба ҳадаф нарасид, худрави худро мунфаҷир кард.

Мудири кулли марзии вазорати кишвари Эрон афзуд: “омили ин ҳамлаи террористӣ фақат як нафар буд, ки ба ҳалокат расид, ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳи террористӣ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст”.

 

Барчасп