Декабр 06, 2018 17:44 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Покистон ба талошҳои Эрон барои поёни ҷанг дар Яман

Нахуствазири Покистон гуфт: “Исломобод бино ба дархости Ҷумҳурии Исломии Эрон, талошҳо барои поёни ҷанг ва эҷоди сулҳ дар Яманро оғоз кардааст”.

Ба гузориши Тасним, Имрон Хон рӯзи панҷшанбе эълом кард, Покистон хоҳони поёни ҳама буҳронҳо дар минтақа аст ва дар ин чорчӯб ба талошҳои Эрон барои барқарории сулҳу субот дар Яман, мепайвандад.

Нахуствазири Покистон таъкид кард, Исломобод бо ҷидият ройзани(машаварат)-ҳои худро бо Арабистон бо ҳадафи дастёбӣ ба роҳи ҳал барои поёни ҷангу даргирӣ дар Яман оғоз кардааст.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп