Декабр 07, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
  • Азми Ҳинд барои густариши равобити ҳамаҷониба бо Эрон

Раиси ҷумҳурии Ҳинд гуфт, густариши ҳамкорӣ ва равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ барои Деҳлии Нав ҳоизи аҳамият аст.

Рам Натх Ковинд рӯзи ҷумъа дар ойини пазириши устуворномаи сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Нав бо ишора ба муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии Эрон ва Ҳинд таъкид кард, арзиши мубодилоти тиҷории ду кишвар бояд ба беш аз 13 миллиард доллари феълӣ бирасад.

Раиси ҷумҳурии Ҳинд мушорикати ин кишвар дар тавсеаи бандари Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эронро нишонае аз ҳамкориҳои хуби ду кишвар хонд ва тасреҳ кард, Деҳлии Нав ва Теҳрон бояд барои густариши равобити ҳамаҷониба аз фурсатҳо ва зарфиятҳо ба беҳтарин шакл истифода кунанд.

Рам Натх Ковинд ҳамчунин бо маҳкум кардани ҳамлаи террористии рӯзи панҷшанбе дар Чобаҳор, ки ба кушта ва захмӣ шудани шуморе аз шаҳрвандони эронӣ мунҷар шуд, ба давлат ва миллати Эрон, ба вижа бозмондагони қурбониёни ин ҷиноят тасаллият гуфт.

Алӣ Чигинӣ сафири ҷадиди Эрон дар Деҳлии Нав низ дар ин дидор гуфт, нигоҳи Эрон ба равобит бо Ҳинд маҳдуд нест ва Теҳрон барои иртиқои сатҳи равобити ду кишвар дар заминаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ талош мекунад.