Декабр 07, 2018 18:37 Asia/Dushanbe
  • Идомаи маҳкумияти ҳамлаи террористии Чобҳори Эрон

Маҳкумияти инфиҷори террористии бандари Чобаҳор дар устони Сиистон ва Балучистон дар ҷануби Эрон ҳамчунон идома дорад.

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ҳамлаи террористии Чобҳорро маҳкум ва бо хонаводаи шаҳидон ва маҷруҳони ин ҷиноят ибрози ҳамдардӣ кард.

Вазорати умури хорҷаи Афғонистон бо изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият ба мардум ва давлати кишвар дӯсти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири ҷон бохтан ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди ин кишвар, бори дигар бар зарурати ҳамбастагӣ ва ҳамкории наздиктари кишварҳо дар мубориза бо ин душмани муштарак таъкид кард.

Илова бар Афғонистон, баъзе кишварҳои дигар аз ҷумла Ҳинд, Покистон, Туркия ва Кувайт ин ҳамлаи террористиро маҳкум кард ва шиносоӣ ва муҷозоти авомили ин ҷиноятро хостор шуданд.

Як террорист рӯзи панҷшанбе як мошини ҳомили маводи таркандаро дар наздикии дари вурудии ситоди неруи интизомии шаҳристони Чобаҳор мунфаҷир кард, ки бар асари он ду нафар ба шаҳодат расиданд ва 28 нафари дигар захмӣ шуданд.