Декабр 07, 2018 19:05 Asia/Dushanbe
  • Тимҳои футзали мардон ва занони Эрон, номзади беҳтаринҳои ҷаҳон

Тимҳои футзали мардон ва занони Эрон дар байни 10 номзади бартарин тимҳои ҷаҳон дар соли 2018 қарор гирифтанд.

Ба гузориши ИРНА, сайти ҷаҳонии футзал (Футзал-планет) дар идомаи муаррифии номзадҳои касби унвони бартаринҳо дар ҷаҳон, тими футзали мардон ва занони Эронро номзади унвони бартарин тими ҷаҳон дар соли 2018 ва дар байни 10 номзади ниҳоӣ эълом кард.

Тимҳои футзали мардон ва занони Эрон дар соли 2018 қаҳрамони Осиё шудаанд.

Тимҳои Бразилия, зери 18 соли Бразилия, зери 20 соли занони Бразилия, Япония, Португалия, зери 18 соли занони Португалия, Русия ва Испания ҳашт номзади дигар барои касби унвони тими бартари ҷаҳон дар соли 2018 ҳастанд.

Фарзонаи Тавассулӣ ва Фотимаи Эътидодӣ аз Эрон дар бахши занон номзади беҳтарин дарвозабон ва бозикуни футзали ҷаҳон ҳастанд.

Дар байни доварон низ Глора Нозимӣ довари байналмилалии Эрон, ки финали олимпии 2018-и ҷавонон Буэнос Айресро доварӣ кард, қарор дорад.

 

Барчасп