Теҳрон мизбони иҷлоси раисони маҷолиси 6 кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40018-Теҳрон_мизбони_иҷлоси_раисони_маҷолиси_6_кишвар
Дувумин иҷлоси раисони маҷолиси кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия имрӯз (шанбе) дар Теҳрон баргузор мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 08, 2018 08:40 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони иҷлоси раисони маҷолиси 6 кишвар

Дувумин иҷлоси раисони маҷолиси кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия имрӯз (шанбе) дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раисони маҷолиси кишварҳои ширкаткунанда дар ин конфронс суханронӣ хоҳанд кард.

Муқобила бо терроризм, таҷоруби гузашта, баррасии роҳбурдҳои кунунӣ ва рӯйкарди ҷадид ва муассири минтақаӣ, густариши иртиботот ва тақвияти ҳамкории байниминтақаӣ, таҳаққуқи сулҳ ва тавсеаи ҳамаҷониба ва пойдор дар минтақа аз мавзӯҳои муҳиме аст, ки дар ин иҷлос матраҳ мешавад.

Пеш аз ин Покистон мизбони нахустин давраи иҷлоси раисони маҷолиси кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия буд.