Раиси маҷлиси Эрон: амрикоиҳо ба ҳуқуқи инсон нигоҳи тиҷорӣ доранд
(last modified Sat, 08 Dec 2018 08:26:17 GMT )
Декабр 08, 2018 13:26 Asia/Dushanbe
  • Раиси маҷлиси Эрон: амрикоиҳо ба ҳуқуқи инсон нигоҳи тиҷорӣ доранд

Раиси маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт: якҷонибагароии раиси ҷумҳури Амрико хатарнок аст ва ин рафторҳо нишон медиҳад давлати Амрико ба ҳуқуқи инсон нигоҳи тиҷорӣ дорад.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Алии Лориҷонӣ дар дуввумин конфронси раисони маҷолиси шаш кишвари минтақа барои муқобила бо терроризм дар Теҳрон афзуд: Рафтори Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ниҳодҳои ҳуқуқи инсониро нобуд карда ва боиси ноумедии кишварҳо шудааст.

Лориҷонӣ бо ёдоварии инки Амрико ва бархе кишварҳо худро мудаъии мубориза бо терроризм медонанд, аммо дар амал аз терроризми истифодаи абзорӣ мекунанд гуфт: ин рафторҳо боис шуда, кишварҳои минтақа барои мубориза бо терроризм худ ба фикри сомондиҳии низоми минтақаӣ бошанд, ки намунаи ошкори он ҳамкории Эрон, Туркия ва Русия дар бораи Сурия аст, ки то ҳадди зиёде муваффақ будааст.

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон таъкид кард: дар дунёе, ки амрикоиҳо дар паи якҷонибагароӣ ҳастанд Шурои амният ва ниҳодҳои масъул ҳам ба вазифаи худ амал намекунанд ба унвони намуна дар масъалаҳои Ироқ, Сурия ва Либия ва бархе минтақаҳои дигар ва ҳамчунин таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Русия ва Эрон мушоҳида мешавад, ки ҳеҷкадом мусавваби Шурои амният набуд ва ин шуро ҳам аксулъамале дар баробари ингуна иқдомҳо нишон надод.

Дуввумин конфронси раисони маҷлисҳои 6 кишвари Эрон, Покистон, Туркия, Чин, Русия ва Афғонистон бо мавзӯъи "муқобила бо терроризм ва тақвияти иртибототи дарун минтақаӣ" имрӯз шанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.