Эрон дар Уқёнуси Ҳинд размоиш баргузор мекунад
Муовини ҳамоҳангкунандаи неруи дарёии артиши Эрон гуфт, ин неру зимистони имсол размоишеро дар маҳдудаи савоҳили Макрон (ҷанубу шарқи Эрон) то мадори 10 дараҷаи Уқёнуси Ҳинд баргузор мекунад.
Амир дарёдор Ҳамзаалии Ковиёнӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд: Дар ин размоиш таҷҳизоти ҷадиди неруи дарёии артиши Эрон, аз ҷумла зердарёиҳои “Ғадир” ва новшикани “Саҳанд”, бакоргирӣ хоҳанд шуд
Ин зердраёиҳо дорои фанноварии боло ва таслиҳоти ҷадид ҳастанд, ки имкони партоби мушак аз зери сатҳ ба сатҳ ва аждар ва мина ва ҳамчунин имкони ҳамли неруи инсонӣ дар савоҳили наздикро дорад.
Новшикани "Саҳанд", ки пешрафтатарин новшикани ғарби Осиё аст, якуми декабр 2018 ба новгони неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон пайваст.
Ин новшикан тавоноии ҳамли анвои силоҳҳои сатҳӣ, зерсатҳӣ, ҳавоӣ ва имкони ғофилгирӣ ва ба иштибоҳ андохтани радарҳои душманро дорад.