Декабр 10, 2018 12:23 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Шикасти дигар барои амрикоиҳо ба вуқӯъ пайваст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон таъкид кард, муқовимати кишварҳои узви ОПЕК, шикасти дигаре барои амрикоиҳо рақам зад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ афзуд, бо вуҷуди талоши амрикоиҳо барои дахолат дар умури ОПЕК ва ҷилавгирӣ аз эҷоди таодул дар арзаи нефт, бо муқовимати кишварҳои узв ва эҳтимоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, барномаи амрикоиҳо хунсо шуд ва шикасти дигареро барои онҳо ба вуҷуд

Аъзои Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) рӯзи ҷумъа дар Вена тавофуқ карданд, тавлиди худро 800 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш диҳанд ҳамчунин кишварҳои ғайри ОПЕК барои коҳиши 400 ҳазор бушкаҳ‎ои тавлиди нефт ба тавофуқ расиданд.

Эрон, Венесуэла ва Либия аз мушорикат дар ин тавофуқ муоф шуданд.

Амрико пештар аз муттаҳидонаш дар ОПЕК бавижа Арабистон хоста буд, тавлиди нефтро афзоиш диҳанд.

Вашингтон муддаӣ шуда буд, ин дархост бо ҳадафи ҷуброни коҳиши тавлидоти нефтии Эрон ва Венесуэла ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз афзоиши қиммати нефт, сурат гирифтааст.

Давлати Амрико 8 май аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва пас аз он эълом кард, то 4 ноябри 2018 содироти нефти Эронро ба сифр хоҳад расонд.

Аммо Вашингтон пас аз шаш моҳ таҳдид ва хатту нишон кашидан барои содироти нефти Эрон, саранҷом душанбе (5 ноябр), ҳашт кишвари умдаи харидори нефти Эрон (Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Япония, Ҳинд, Чин, Туркия, Тайван ва Юнон)-ро шомили муофият аз таҳримҳои нефтӣ кард.